Радиои Озоди Праграма

Posted : admin On 17.09.2019

Радиои озоди хабархои нав 2017 — компьютерная инди-забава в жанре песочницы с элементами. Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ хабару гузориш. Таджикистан / Правопорядок / Радио «Озоди»: В Кулябе задержан брат полевого. Сегодня расскажем много нового про радио озоди 2017. Еще новостями называют программы.

Барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи шароити ғайб задани фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов ва пахши як видео бо изҳороти ӯ, ки мегӯяд, ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст, бо ҷалби мутахассисони Вазорати умури дохилӣ, Додситонии кулли Тоҷикистон ва Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ ситоди махсус таъсис ёфт. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе сардори шӯъбаи равобити байнулмилалии Додситонии кулли Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмудзода хабар дод.

Вай гуфт, ин пажӯҳиш на танҳо навореро, ки рӯзи 27-уми май нашр шуд, балки ҳамаи маълумоти дигари ба гурӯҳи террористӣ пайвастани Ҳалимовро дар бар хоҳад гирифт. Изҳороти мазкур дар ҳоле садо медиҳад, ки субҳи 28-уми май афсарон ва сарбозони Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и назди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, дар садади пахши як изҳоротанд, ки дар он рафтори фармондеҳи собиқи ин ниҳод, полковник ё сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, ки дар паёме худро шарики гурӯҳи “Давлати исломӣ” номидааст, маҳкум карда мешавад. Яке аз афсарон рӯзи 28 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ва ҳамхидматонаш баъд аз дидани навори видеоии Гулмурод Ҳалимов ба хулосае омаданд, ки рафтори Ҳалимов “хиёнат ба дину миллат ва ватан аст.” Ӯ гуфт, “аз сӯҳбати Ҳалимов дида мешавад, ки ӯ мағзшӯӣ ва бо маблағ худро ба ДОИШ фурӯхтааст.” Ба гуфтаи ин узви Дастаи таъиноти махсуси назди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳамкорони пешини полковник Ҳалимов ба зудӣ дар бораи мавзеъгирии худ як изҳорот ба нашр хоҳанд расонд. “Ҳамаи суханҳоямро, ман гуфтам, ки дар изҳорот нависанд. Лекин ҳаминро гуфтаниам, ки ӯ ҳамчун низомӣ хуб медонист, ки дар пушти гурӯҳи Давлати исломӣ кӣ истодааст. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки ӯ ҳеҷ гоҳ аз рӯи эътиқод ба ин ҷо нарафтааст ва шояд пушти рафтани ӯ гапи дигар ҷой дошта бошад,” – гуфт ин ҳамкори Ҳалимов. ​ Гулмурод Ҳалимов ​Сардори ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов, ки бино ба хабарҳо аз 23-юми апрели соли равон бедарак шуда, овозаҳое паҳн гашта буд, ки ба Сурия рафтааст, дар як навори видеоӣ мегӯяд, ба “Давлати исломӣ” пайвастааст ва бо “ҷиҳод” ба Тоҷикистон хоҳад баргашт.

Дар ин наворе, ки 12 дақиқа ва 20 сония тӯл дорад, Гулмурод Ҳалимов мегӯяд, аз рӯи ақида ва бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита бо намоз ва либоси исломӣ ва ҳамчунин тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба ин роҳ рафтааст. Сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон дар ин навор ибтидо корномаи худро ҳикоят мекунад ва аз ҷаласаҳо бо ҳузури вазири умури дохилии Тоҷикистон ёдовар мешавад, ки ба гуфтаи ӯ, сабаби ба “Давлати исломӣ” пайвастанаш шудаанд. Вай дар ин навор бо сарбанди сиёҳ ва силоҳи снайперии латтапеч зоҳир мешавад ва мегӯяд, сар аз соли 2001 намоз мехонд ва таърихи Тоҷикистону таърихи исломро медонист ва огоҳона ба “Давлати исломӣ” пайвастааст. Бахши асосии сӯҳбатҳои Ҳалимов ба забони русӣ садо дода, танҳо дар охир вай чанд ҷумла ба тоҷикӣ баён медорад ва мегӯяд, дар ислом миллат вуҷуд надорад. Дар як пайт аз навор дар паси сӯҳбатҳои Ҳалимов садои азон ба гӯш мерасад ва пушти сарии ӯ танаи нахле ба чашм мерасад. Гулмурод Ҳалимов дар навор Ин навор, ки бо ишораи “Фурот” ва сифати баланд таҳия гаштааст, рӯзи 27-уми май, дар ҳоле нашр мешавад, ки масъулони Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон мегуфтанд, қазияи нопадид шудани фармондеҳои ОМОН-и ҷумҳуриро пажӯҳиш мекунанд, вале дар бораи он ҳоло чизе гуфта наметавонанд. Дар зимн, пас аз чанд соати нашраш навори мазкур аз шабакаи YouTube пок карда шуд.

Хешовандони полковник низ мегуфтанд, бовар надоранд, ки Гулмурод ба Сурия рафта бошад.Назир Ҳалимов, бародари 28-солаи Гулмурод Ҳалимов рӯзи 12-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ нопадид шудани ӯро тасдиқ кард ва гуфт, телефонаш хомӯш аст, аз худ хабаре надодааст, вале афзуд, вай нақшаҳои зиёд дошт ва ҳаргиз дар андешае набуд, ки ба Сурия равад. Вай ҳамчунин мегуфт, боре ҳам нашунидааст, ки Гулмурод аз “Давлати исломӣ” ситоиш карда бошад.

Гулмурод Ҳалимов Қаблан хабар дода мешуд, ки Ҳалимов ҳамроҳ бо худ 10 нафари дигарро низ ба Сурия бурдааст. Вале ягон ниҳоди расмӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст. Навори видеоии Ҳалимов, ки замон ва макони сабти он маълум нест, ба суолҳое, ки тӯли як моҳи охир баъд аз бенишон шудани ӯ дар зеҳни ҷомеа мечархиданд, посух надод.

Муҳимтарини онҳо ин буд, ки чӣ гуна як афсари баландрутбаи нерӯҳои махсус, ки се дафъа дар Иёлоти Муттаҳида омӯзиш дида, аз чандин санҷишҳои ҳукуматӣ гузаштааст ва барои хидматҳояш подошу ҷоизаҳо ҳам доштааст, ҳамаи инро ба осонӣ бо “Давлати исломӣ” иваз кард. Дар ҳамин ҳол Назир Ҳалимов, бародари Гулмурод Ҳалимов рӯзи 28 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди дидани ин навор то ҳанӯз ба “ҷиҳодӣ” шудани бародараш шубҳа дорад. Ӯ мегӯяд, агар он суханҳои бародараш дар навор аз сидқ гуфта шуда бошад, “чаро қабл аз сафараш наздиконашро ташвиқи рафтан накард?” Акси Гулмурод Ҳалимов пеш аз бенишон шуданаш. Бародари Ҳалимов мегӯяд, чеҳраву суханронӣ дар навори нашршуда ба бародараш шабоҳат дорад, аммо “риши ӯ хеле шубҳабарангез аст, зеро рӯи ҳеҷ гоҳ чунин риш намебаровард.” Аммо акси пешинаи Гулмурод Ҳалимов нишон медиҳад, ӯ ба баланд кардани чунин риш имкон дошт. Дар ҳоле, ки дар ин навор Гулмурод Ҳалимов аз сафарҳояш ба Амрико ва Русия қисса карда, бо нафрат ёд мекунад, бародараш мегӯяд, ёд дорад, ки пас аз бозгашт аз сафараш ӯ Амрикоро хеле васф карда буд. “Русия солҳои 2003 ё 2004 рафта буд.

Чун мо Русияро дида будем, аз Русия чизе намегуфт, аммо вақте аз Амрико баргашт, ин кишварро хеле таъриф карда буд. Гуфта буд, ки кору зиндагиашон хеле зӯр аст.” – гуфт Назир Ҳалимов. Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дарафонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст ва пас аз таҳсил дар Академияи олии ВКД Тоҷикистон ва давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико аз сержанти хурд то полковник ва фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расидааст. Вай дар амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт ва Хоруғ ширкат карда, соҳиби чандин ҷоизаи давлатӣ гаштааст. Ҳамсар ва 8 фарзанд дорад.

Марям охирин нафарест, ки бо Нодира Мирзоева, ҷавонзане, ки худро аз ошёнаи 12-ум поён партофт, ҳамсӯҳбат шудааст. Дар ҳоле ки беист ашк аз чашмонаш мерехт, Марям гуфт, дар ин қазия ӯ худро ҳам гунаҳкор медонад, чун натавонист Нодираро наҷот диҳад, ҳарчанд хеле инро мехост ва кӯшиш ҳам кард. Марям, ки дар ошёнаи 12- уми яке аз биноҳои серошёнаи хиёбони Неъмат Қарабоев зиндагӣ мекунад, бо ёдоварӣ аз рӯзи худкушии Нодира мегӯяд, тасодуфан аз тиреза чашмаш ба духтаре афтод, ки худро аз ин ошёна ба берун андохта, овезон буд. Ба суолҳои Марям, ки ӯ кӣ аст ва чӣ кор мекунад?, духтар гуфтааст, Нодира аст ва мехоҳад худро ба зер андозад, чун фарзандаш маълул ба дунё омад. Марям мегӯяд, ягон 15 дақиқа кӯшиш кард, то ӯро аз раъйаш бигардонад.

Аммо бенатиҷа. Марям мегӯяд: «Ман фикр кардам, шояд шароити табобат надораду шавҳар ва хонавода ӯро намефаҳманд. Барояш гуфтам, ки ҳеҷ гап не, дар зиндагӣ ҳама як мушкил дорад, биё, ман ба ту кӯмак мекунам. Гуфт, чӣ тавр? Гуфтам, агар хоҳӣ, фарзандатро мегираму калон мекунам, вале ту накун ин корро. Гуфт, ту чӣ хел маро ҳоло наҷот медиҳӣ, гуфтам, як лаҳза ист, худро напарто, ман аз он тараф омада, дастатро мегираму халос мекунам. Сипас зуд ба сӯи даромадгоҳ давидаму дари ҳамсояро задам ва хоҳиш кардам, то дар наҷоти ин духтар бароям кӯмак кунанд.

Рафтем, ӯ ҳанӯз ҳамон ҷо буд. Дасташро гирифтам, аммо нашуд. Ӯ рафт, намедонам, худаш маҷбур дасташро гирифт ё вазнашро дигар дошта натавонист.» Марям мегӯяд, ин духтарро бори аввал дида буд, вале то ба ҳол нигоҳи чашмон ва чеҳраи маҳзуни ӯ аз пеши назараш дур намешавад. Марям хеле мехостааст тифли Нодираро аз наздик бубинад ва бино бар ин моро, ки барои огоҳии бештар аз асли воқеа роҳи хонаи Нодираро пеш гирифтем, ҳамроҳӣ кард. Нодираи 37-сола ҳамроҳи шавҳар ва хушдоманаш дар ҳавлие дар кӯчаи Неъмат Қарабоев зиндагӣ ва дар «Хонаи Радио» ба ҳайси муҳосиб фаъолият мекардааст. Ӯ як соли пеш хонадор шудаву фарзандашро дар 7-моҳагӣ ба дунё овардааст. Писари Нодира Акбар ҳоло 5-моҳа аст.

Шавҳар ва модари марҳум мегӯянд, ки ӯ солим ва бенуқс аст. Олия Ҳайдарова, модари Нодира гуфт: “ Кӯдак бемории ҷиддӣ надорад, фишори мағзӣ доранд, гуфтанд, аммо ҳоло ба 99 дарсади кӯдакон ҳамин диагнозро мемонанд. Боз гуфтанд, нуқсони қалбии модарзодӣ ҳам шояд дорад, аммо гуфтанд, ин ҳам табобатшаванда ҳаст ва бо зиёд шудани вазнаш шифо меёбад.” ​​Хонум Олия сару садоҳо дар робита ба бемори рӯҳӣ доштани духтарашро рад мекунад ва мегӯяд, Нодира дар хонаи шавҳар зиндагии хуб дошт, духтари дилёбу доно буд. Вале пас аз таваллуди писараш, ки ба иддаои пизишкон, гӯё солим набудааст, ӯ ҳамеша зери фишори равонӣ қарор доштаву аз он нороҳатӣ мекардааст, ки натавонист барои шавҳараш писари солим ба дунё биёрад ва аз он метарсид, ки метавонад тифлашро аз даст бидиҳад. Ба қавли хонум Олия, Нодира фарзандашро дар зоишгоҳи рақами як ба сахтӣ таваллуд кардааст. Олия мегӯяд: «Зиндагиаш олиҷаноб буд.

Бо шавҳараш ҳамдигарро дӯст медоштанд, аммо пас аз таваллуди ин кӯдак духтурон ба ӯ гуфтаанд, ки кӯдак бемор аст, зинда намемонад, гуфтаанд, ту дар синну соли дертар таваллуд кардӣ ва ҳамин аст мушкил. Намедонам, боз онҷо чӣ гапҳо шудааст.

Аммо ин ҳама ба асабҳои духтарам таъсир карду ӯ ба фишори равонӣ гирифтор шуд. Аз ҳамон зоишгоҳ алакай шираш парид. Мегуфт, писараш дигар сиҳат намешавад.» Ба гуфтаи модар, барои дур кардани ин фикрҳо аз сар ва озод шудан аз фишорҳои равонӣ Нодира табобат ҳам мегирифт. Ва рӯзи 21 феврал маҳз пас гирифтани сӯзандорӯи навбатӣ ӯ вориди як бинои 12-ошёна шуда, худро ба зер афкандааст.

​​Аммо дар зоишгоҳи рақами як ба мо гуфтанд барои муайян кардани ин ки таваллуди Нодира маҳз дар ин зоишгоҳ сурат гирифтааст ё на, онҳо бояд бойгониро бубинанд ва ин вақт мехоҳад. Як корманди зоишгоҳ дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, пизишкон ҳақ доранд модарро аз вазъи навзод огоҳ созанд ва бемориашро ба ӯ бигӯянд. Ба гуфтаи масъулин, имкон дорад, ки Нодира ба бемории рӯҳафтодагии пас аз таваллуд гирифтор шуда бошад. Шамсиддин Қурбонов, номзади илмҳои тиб мегӯяд, баъзан занон пас аз таваллуд ба ин беморӣ, ки як навъи бемории рӯҳист, гирифтор мешаванд: «Баъди таваллуд дар натиҷаи вайрон шудани ақлу тавозун одам метавонад аз ақл бегона шавад. Ҳар нафар ва дар ҳар синну сол метавонад дучори психоз шавад. Нишонаҳои ин беморӣ ин аст, ки ҳарорат баланд мешавад, гапҳои аз ақл бегона мезанад, метавонад аз тифли худ даст кашаду ба ӯ шир надиҳад.

Ҳар тараф меравад.» Аммо наздикон модару ҳамсари марҳум Нодира мегӯянд, дар рафтору кирдори Нодира чунин нишонаҳо набуд. Ба гуфтаи Марям, нафаре ки талоши наҷоти ҷони Нодираро кардааст, марҳум ба бемори рӯҳӣ монанд набуд. ​​Бо ин ҳол, сабаби марги Нодира Мирзоева, модари як тифли 5-моҳа то ҳол дақиқ нашудааст.

Ҳоло ин қазия аз тарафи додситонии ноҳияи Фирдавсӣ таҳқиқ мешавад ва ба гуфтаи додситон Ҷалолиддин Пиров дар чунин ҳолат фақат пас аз санҷиш ва мушоҳидаи аломатҳои тартиби ҷиноятӣ дошта, парвандаи ҷиноӣ боз ва сабаби худкушӣ муайян мешавад: «Мо бояд ҳама ҳолатро бубинем, ҳама шоҳидон ва ҳамсари ӯро бозпурсӣ кунем баъд натиҷаро эълон мекунем.» Бино бар омори расмӣ, ҳар рӯз дар Тоҷикистон дастикам як зан даст ба ҷони худ мезанад. Гуфта мешавад, муноқишаҳои хонаводагӣ, фишори равонӣ, мушкилоти иқтисодӣ аз омилҳои аслиест, ки онҳоро ба ин амал таҳрик додааст. Аммо Марям, шоҳиди худкушии Нодира мегӯяд, баъди ин ҳодиса ҳолати равонӣ ва саломатиаш хуб нест. Ӯ тасмим дорад, барои табобат ба Русия равад. Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳавопаймои нахустин субҳи сешанбе, соати 10-20 аз фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон ба қасди пойтахти Қирғизистон ба ҳаво хоҳад хест.

Муҳаммадюсуф Шодиев дар бораи далоили аслии 27 рӯзи таваққуф дар парвозҳои «Тоҷик Эйр» дар хатти Душанбе-Бишкек изҳори бехабарӣ кард. Аммо «Тоҷик Эйр» парвозҳояш ба Бишкекро аз 29 январ дар ҳоле мутаваққиф кард, ки баъди тирпаронии рӯзи 11 январ дар марзи Исфараву Бодканд равобити Тоҷикистону Қирғизистон ба сардӣ гароида, мусофирони тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек барои чанд соат мавриди тафтишу пурсуҷӯ қарор мегирифтанд.

«Тоҷик Эйр» танҳо ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон аст, ки байни Душанбеву Бишкек парвоз мекард. Ширкати қирғизии «Авиатрафик», ки низ дар ин масир парвоз мекунад, ахиран ба далели камбуди мусофир шумори парвозҳояш байни пойтахтҳои Қирғизистону Тоҷикистонро аз ду то як маротиба дар ҳафта коҳиш додааст. Рӯзи 22 январ дар фурудгоҳи Бишкек ҳудуди 40 мусофире, ки аз Душанбе меомаданд, ба маҳзи пурсуҷӯҳои «мӯшикофона»-и мақомоти марзбонии қирғиз барои чанд соат дармонданд. Бори дувум чунин ҳодиса рӯзи 26 январ иттифоқ уфтод ва аз 48 мусофире, ки аз Душанбе омада буданд, 9 шаҳрванди Тоҷикистонро аз соати 17 то 23 тайи қариб 8 соат аз сӯи мақомоти қирғиз «пурсуҷӯ» шуданд. Мақомоти фурудгоҳ дар посух ба суолҳои Радиои Озодӣ ишора ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон мекарданд, ки ҷиҳати чунин тафтиши шаҳрвандони Тоҷикистон амр гирифтаанд. ​​Аммо сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон он замон дар сӯҳбат бо Озодӣ вуҷуди кадом амри вижае барои тафтиши алоҳидаи шаҳрвандони Тоҷикистонро рад карда, гуфта буд, ки ҷониби Тоҷикистон дар масъалаи «боздошт»-и мусофирони тоҷик дар фурудгоҳҳои Қирғиизистон ба муболиғаи зиёд роҳ медиҳанд ва дар асл ин танҳо тафтиши маъмулии аснод аст, на чизи бештар. Гулмира Борубаева, раиси дафтари матбуоти ин хадамот ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳеҷ гуна амру фармоне барои тафтиши дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон нарасидааст.

Вақте шаҳрвандон аз гузаргоҳи марзӣ мегузаранд, дар ҳар кишвар ба онҳо суолҳои маъмулӣ дода мешавад ва ҳамин кор бо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам шуд. Ва мо наметавонем бигӯем, ки бо шаҳрвандони Тоҷикистон ғаразмандона муносибат кардаанд.” Аммо ҳамагӣ 3 рӯз баъд аз ин мавриди дувуми 8 соат дар фурудгоҳи Бишкек дармондани мусофирони тоҷик ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳояш ба Бишкекро боздошт. ​​ Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви ҳайати Тоҷикистон дар музокирот бо Қирғизистон ба Озодӣ гуфт, тавқифи парвозҳои “Тоҷик Эйр” ягон ангезаи сиёсӣ надошт, балки омилҳояш сирф фанниву иқтисодианд. Оқои Сангинов ба ҳар сурат, аз дубора фаъол шудани парвозҳо дар хатти Душанбе –Бишкек истиқбол кард ва онро як фоли нек дар пешорӯи даври навбатии музокироти масоили марзии ду кишвар номид, ки ба гуфтаи ӯ, қарор аст, дар даҳаи аввали моҳи март дар Душанбе доир шаванд. Рӯзи 11 январ муноқишаи марзбонҳои тоҷику қирғиз дар канори рустои тоҷикии Хоҷаи Аъло ва рустои қирғизии Оқсой бар сари сохтмони роҳи баҳсии Кӯктош –Оқсой-Тамдиқ ба тирпарронӣ печид.

Дар натиҷа 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Ин қазия ба таниши бесобиқае дар равобити Душанбеву Бишкек оғоз гузошт. Қирғизистон марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва сафирашро аз Душанбе “барои машварат” фаро хонд. Дар ин муддат байни ду кишвар чанд даври музокирот доир шуд. Ҷонибҳо ба иқдомҳое, чун ташкили патрулҳои муштараки милисаву марзбонӣ дар нуқоти доғи марзи Исфараву Бодканд, тавофуқ карданд, вале ба сурати умум, ба таъйиди манобеъ аз ҳар ду ҷониб, музокирот ба кундӣ пеш меравад. Манобеъи Озодӣ мегӯянд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ивази ризоияташ ба сохтани роҳи Кӯктош-Оқсой як порчаи борики тӯлаш 4,5 километр хостааст, то ҷамоати Ворухро бо рустои Хоҷаи Аъло пайваста, бо ҳамин ин ҷамоати аҳолиаш иборат аз беш аз 30 000 нафарро аз ҳолати анклав берун биорад. Ворух феълан аз чор тараф дар иҳотаи Қирғизистон қарор дорад ва ҳар боре ки байни ду кишвар таниш бархост, иртиботаш бо боқӣ қаламрави Исфара комилан қатъ мешавад.

​​Аммо ҷониби Қирғизистон пешниҳоди чунин муомилае аз сӯи Тоҷикистон ба хотири баҳси масоили доғи марзӣ байни ду кишварро рад мекунанд. Тоқон Мамитов, муовини сарвазир ва раҳбари ҳайати Қирғизистон дар музокирот бо Тоҷикистон ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки чунин пешниҳод садо надодааст, вале агар садо ҳам диҳад, ӯ қабулаш нахоҳад кард. Дар чунин шароит субҳи 25 феврал ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” баъди қариб 4 ҳафтаи таваққуф аз Душанбе ба Бишкек парвоз мекунад. Бисёриҳо дар ҳарду ҷониб умедворанд, ки ин парвоз оғози гармии бештаре дар равобити Тоҷикистону Қирғизистон баъди як муддати тӯлонии сардӣ хоҳад шуд.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон шоми 24 феврал бо пахши як изҳороти вижа аз баста шудани сомонаи Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Сафорат мегӯяд, “мо пайваста нигаронии худро оиди маҳдудияти шабакаҳои интернетӣ ва баста шудани сомонаҳои хабарӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон матраҳ мекунем. Дар баҳси озодии интернет Иёлоти Муттаҳида ҷонибдори шаффофият аст. Вақте идеяҳо маҳдуд ва ё масдуд мешаванд, иттилоот аз байн меравад, андешаҳо саркӯб мешаванд, ҳамаи мо аз имконоти шунидан ва табодули назар кардан маҳрум мешавем.” Изҳороти Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод Президенти Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод аз мақомоти Тоҷикистон хост, то дастрасӣ ба сомонаи бахши тоҷикии Радиои Озодиро барқарор кунанд.

Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод(RFE/RL) дар як баёния дахолат ба Интернет дар Тоҷикистонро ба шиддат танқид кард. Дар ин баёния, ки шоми 24 феврал нашр шуд, аз ҷумла гуфта мешавад, ки “дар дохили Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод, ки дар инҷо ҳамчун Радиои Озодӣ маъруф аст, аз 15 феврал ба ин сӯ масдуд шудааст. Як манбаи наздик ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, ба Озодӣ гуфт,ки имрӯз, 24 феврал ба ҳамаи провайдерҳои интернетӣ дастури раиси Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров ҷиҳати муваққатан масдуд кардани сомонаҳои ozodi.org ва ozodi.tj фиристода шудааст. Матни ин дастур, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ба таври зайл аст: « Бинобар гузаронидани корҳои профилактик ӣ муваққатан дастрас ӣ ба сомонаҳои ozodi. Org ва ozodi.

Tj қатъ карда шавад.» Ин манбаъ гуфт, ки дастури шифоҳии Бек Зуҳуров ба провайдерҳо дар мавриди бастани сомонаи ozodi.org ва ozodi.tj рӯзи шанбе дода шуд ва имрӯз ба таври катбӣ ирсол шудааст. Дастрасӣ ба сомонаи интернетии радиои “Озодӣ” дар қаламрави Тоҷикистон чанд рӯз боз ба мушкил рӯбарӯ шудааст.Корбарони сомонаҳои оzodi.org (оzodi.tj) ва rus.ozodi.tj (rus.ozodi.org), ки аз тариқи провайдери “Вавилон” ва дигар ширкатҳо, ба мисли “Билайн” ва “Тоҷнет' ворид мешаванд, аз чанд рӯз ба ин тараф шикоят мекунанд, ки ба ин сомона дастрасӣ надоранд.

Ин дар ҳолест, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз масдуд шудани сомонаи 'Озодӣ” бехабарӣ мекунад. Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Рафиқҷон Шокиров масдуд шудани сайтҳои «Озодӣ»-ро тасдиқ ва ё такзиб накард, фақат гуфт, ки «мебинем, баъд гап мезанем.» Вале Ассосиатсияи ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, ки сомонаи “Озодӣ” бо проксия боз мешавад ва ин маънои баста будани онро дорад. Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастракунандагони интернет дар Тоҷикистон рӯзи 24-уми феврал ба радиои “Озодӣ” гуфт, ки аз тариқи провайдери Бабилон ворид шудан ба сомонаҳои оzodi.org”, оzodi.tj, rus.ozodi.tj ва rus.ozodi.org )имконнопазир аст ва танҳо аз тариқи прокси-серверҳо метавон ба сомонаи “Озодӣ” ворид шуд. Бино ба шикояти корбарони сайти Ozodi.org ва Ozodi.tj, беш аз як ҳафта мешавад, ки онҳо аз тариқи провайдери “Вавилон” ва бархе дигар аз ширкатҳои дастраскунандаи интернетӣ, наметавонанд вориди ин сомона шаванд. Барои бори аввал нест, ки дастрасӣ ба сомонаи интернетии “Озодӣ” дар Тоҷикистон ба мушкил рӯбарӯ мешавад. Дар авоили моҳи гузашта низ дастрасӣ ба сомонаҳои “Озодӣ” аз сӯи чанд провайдер, аз ҷумла “Вавилон” ва “Тоҷнет” маҳдуд шуда буд ва мақомот иллати онро ба корҳои профилактикӣ ва сабабҳои техникӣ, рабт дода буданд.

Радио Озоди Аврупо

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир Тоҷикистон бо маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаю шабакаҳои интернетӣ зуд-зуд дар сархатти хабарҳои ҷаҳон қарор мегирад. Ҳамин тавр, дар гузашта чандин сомонаи хабарӣ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои ҳассосе, чун амалиёти нирӯҳои давлатӣ дар водии Рашт(солҳои 2010-2011) ва дар Хоруғ (тобистони соли 2012) баста шуданд. Мақомот ҳар дафъа мегуфтанд, кадом амр ё қасди хосе барои бастани ин сомонаҳо дар миён нест, балки зарурати кадом як корҳои профилактикӣ пеш омадааст. Аммо созмонҳои ҳомии озодии матбуот бо ин ё он баҳонаи умдатан гӯё фаннӣ бастани сомонаҳои интернетиро як василаи саркӯби матбуоти мустақил дар Тоҷикистон меноманд.

Онҳое ки дар дастрасӣ ба сомонаҳои Озодӣ мушкил доранд, метавонанд муваққатан аз ин адрес истифода баранд:. Равшан Аҳмадов, раиси бахши суғдии ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) рӯзи 24-уми феврал дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Шӯрои марказии ҲДТ моҳи декабри соли 2013 бо қароре “шӯрои сиёсӣ ва комиссияи назорати тафтишотӣ” – и созмони ин ҳизб дар вилояти Суғдро барҳам дод. Ҳамчунин Шӯрои марказӣ Абдуҷаббор Юлдошев, аз фаъолони ин ҳизбро раҳбари нави созмони ҳизби демократ дар вилояти Суғд баргузид.

Иқдоме, ки ҳоло ба мухолифати раҳбари пешина ва ҷонибдоронаш дучор омадааст. Ҷаноби Аҳмадов дар ин робита мегӯяд: “Шӯрои марказӣ тибқи оинномаи ҳизби демократ ҳуқуқ ва салоҳияти чунин иқдомро надошт. Чунки Абдуҷаббор Юлдошев моҳи октябри соли 2013 бо қарори шӯрои вилоятӣ аз сафи ҳизбамон хориҷ карда будем. Ба ин далел аксари аъзои Шӯро ва раисони бахшҳои суғдии ҳизби демократ, ки ин ҷо ҳузур доранд, тасмим гирифтем, созмони расмӣ дар вилояти Суғд, ки моҳи апрели соли гузашта дар конфаронси вилоятӣ интихоб шудааст, дар асоси талаботи оинномаи ҳизби демократӣ то соли 2018 пеш барад.

Ҳамчунин Шӯрои сиёсии созмони мо пешниҳод мекунад моҳҳои наздик анҷумани ғайринавбатии ҳизби демократ даъват карда шавад.” Бахши суғдии ҳизби демократ раиси нав таъин шудани Юлдошев ба созмони вилоятиро “тафриқаандозӣ байни аъзо ва фаъолони ин ҳизб” унвон кард. ​​Ҳамин тавр, ҳизби демократи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир, дар вилояти Суғд ду созмони вилоятӣ ва ду раҳбар дорад, ки намехоҳанд ҳамдигарро эътироф кунанд. Абдуҷаббор Юлдошев, раиси нави бахши суғдии ҳизби мазкур ба навбати худ даъвои ҷаноби Аҳмадовро бепоя медонад.

Вай дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки вай аз сӯи Шӯрои марказии ҳизбаш дар моҳи декабри соли гузашта танҳо раиси кумитаи тадорукот таъин шуда, сипас дар конфаронси вилоятӣ раиси бахш баргузида шуд. Яъне расидани вай ба курсии раҳбарии бахши вилояти суғдӣ мутобиқ ба оинномаи ҳизбаш сурат гирифтааст.

Ҷаноби Юлдошев мегӯяд: “Мақсади Аҳмадов аз ин эътироз ҷудоиандозӣ байни аъзои ҳизбамон аст. Аслан, вай қаблан замони интихоботи президентӣ ҳам номзади ҳизби демократиро дастгирӣ накарда буд. Акнун низ аз иҷрои қарори Шӯро сарпечӣ мекунад.

Бинобар ин мо дар конфаронси ҳизбӣ тасмим гирифтем, кадом созмонҳои ибтидоие, ки чунин шахсонро ба сафамон ҳамроҳ мекунад, ба қайд намегирем.” Ба гуфтаи раҳбари нави демократҳои Суғд, ихтилоф байни роҳбари пештара – Аҳмадов бо раҳбарони кунуни ҳизби демократ замони интихоботи раисҷумҳурии моҳи ноябри соли гузштаи 2013 дар Тоҷикистон амиқ рафт. Он замон Аҳмадов аз номзади ҳизби демократ - Саидҷаъфар Исмонов - дастгирӣ накард ва ба ҷонибдорӣ аз раисҷумҳури кунунӣ даъват кардааст. Сӯҳробҷон Рустамов, ннамоянда аз шуъбаи робита бо ҷомеа ва ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ё ба истилоҳ шуъбаи идеологии ҳукумати вилояти Суғд, аз ширкаткунандаҳои ин нишаст гуфт, раҳбарияти ҳизби демократи Тоҷикистон дар мавриди раҳбари нави созмони ҳизбаш дар ин минтақа мақомоти Суғдро расман дар ҷараён гузоштааст.

Радиои Озоди Программа

Вале оё ин баҳсу талошҳои дохилиҳизбии демократҳо аз суи мақомот ба хотири тамоман аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани ҳизби демократӣ ва бо мушкилоти худ машғул доштани онҳо барангехта нашудааст? Дар посух ба ин саволи умдаи рӯзноманигорон иштирокдори нишаст чунин эҳтимолро рад карданд. ​​ Равшан Аҳмадов, раҳбари “кӯҳна” – и бахши суғдии ҳизби демократ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҳизбаш дар ин минтақа 6 созмони шаҳриву ноҳиявӣ ва ҳудуди 300 узви воқеӣ дорад. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Юлдошев, шумораи демократҳои Суғд беш аз 800 нафар аст, ки аз онҳо ҷонибдорӣ мекунанд. Вале нақши аъзои суғдии ин ҳизб дар маъракаи интихоботи ахири раисумҳурӣ камранг ба назар мерасид, то ҷое ки номзадаш дар ин минтақа ситоди интихоботӣ надошт. Манобеъи Озодӣ дар Қӯрғонтеппа мегӯянд, Амирулло Холов ҳанӯз рӯзи 21 феврал аз сӯи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов ба ҳайати кормандони шаҳрдории Қӯрғонтеппа ба ҳайси шаҳрдори ҷадид маркази маъмурии ин вилоят муаррифӣ шудааст.

Ӯ дар ин симат Самӣ Шарифро, ки ҳамон рӯз баъди 4 соли раҳбарии Қӯрғонтеппа бо фармони дигари раисиҷумҳур директори муассисаи давлатии Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи Роғун таъйин шуд, иваз мекунад. Аммо ба фарқ аз тағйироти дигари кадрии рӯзи 21 феврал фармони расмии таъин шудани Амирулло Холов ба шаҳрдории Қӯрғонтеппа то ҳол дар сомонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва хабаргузории давлатии “Ховар” нашр нашудааст. Клани Чапаев Амирулло Холов то рӯзи 21 феврал дар мақоми раиси ноҳияи Румии вилояти Хатлон ифои вазифа мекард. Ӯ аз намояндагони клани маъруф ба клани Чапаев – минтақае дар ноҳияи Румӣ (Колхозободи собиқ) ва зодгоҳи ҳамсари президент Азизамоҳ Раҳмонова аст, ки дар солҳои охир дар арши сиёсии Тоҷикистон аз нуфузи фавқулодае бархӯрдор шудаанд. ​​Дар бораи Амирулло Холов, ки 6 июни соли 1969 ба дунё омадааст, маълумоти зиёде дастрас нест, ба ҷуз аз як фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 11 майи соли 2012 бо ин мазмун ки: “Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Холов Амирулло Саъдуллоевич иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ш.Душанбе 11 майи соли 2012 №1277.” Аммо як ҳамсӯҳбати мо дар Қӯрғонтеппа, ки ба шарти набурдани номаш сӯҳбат кард, гуфт, Амирулло Холов бародари хурдии Ҳасани Асадуллоҳзода, раиси “Ориёнбонк” аст, ки то расиданаш ба мақоми раиси ноҳияи Румӣ раҳбарии корпоратсияи тиҷориии “Рушди Хатлон”, яке аз ширкатҳои бузурги фаъол дар майдони тиҷорати ҷануби Тоҷикистонро ба дӯш дошт.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, Амирулло Холов сафари Ҳаҷ кардаву ҳоҷӣ аст ва сухандон ва шоир ҳам буда, то имрӯз чанд маҷмӯаи ашъораш чоп шудааст. Ҳайкали Румӣ ба ҷои Ленин ​​​Хабарнигорони маҳаллӣ мегӯянд, Амирулло Холов дар замони раиси ноҳияи Румӣ буданаш посухҳои худ ба суолҳои хабарнигоронро маъмулан бо ягон байт ё бо истифода аз санъатҳои адабӣ оғоз мекард ва дар зери ҷомаи суханпардозиҳо аз посух ба суолҳои мушкил мегурехт. Аммо онҳо эътироф мекунанд, ки дар аҳди ӯ ҳадди ақал симои маркази ноҳияи Румӣ хеле дигар шуд ва аз ҷумла кандани ҳайкали Ленин ва гузоштани муҷассамаи Ҷалолиддини Румӣ дар маркази ин ноҳия низ маҳз дар замони раёсати Амирулло Холов рух додааст. Амирулло Холов, инак, сеюмин бародари ҳамсари президенти Тоҷикистон аст, ки ба мансаби баланди давлатӣ менишинад.

Бародари дигари ӯ Ҳасани Асадуллоҳзода раиси “Ориёнбонк” – бузургтарин бонки тиҷории Тоҷикистон буда, бародари дигараш Амонулло Саъдуллоев моҳи июни соли 2013 раҳбари бахши фурӯши барқ дар ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” таъин шуд. Рақобати “Фаровон” бо “Ҳоҷӣ Шариф” Бародари дигари онҳо Хайрулло Холов назорати бозори “Фаровон” – яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Қӯрғонтеппаро бар ӯҳда дорад. Исми ин бозор моҳи апрели соли 2013 дар пайи як сӯхтори бузург дар ин бозор вирди забони матбуот шуд. Дар ин сӯхтор, ки тақрибан 12 соат давом кард, ҳудуди 80 дӯкон ба коми оташ рафта, бино ба ҳисобҳо, ба тоҷиронаш ба маблағи 830 000 сомонӣ, муодили тақрибан 170 000 доллар зиён овард. Он замон гумонҳое ҳам матраҳ буд, ки сӯхтор дар бозори “Фаровон” шояд амдан бошад, вале тафтишоти расмӣ бар ин фарзия бартарӣ медод, ки сӯхтор дар пайи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ ва истифодаи нодурусти асбоби барқӣ дар яке аз дӯконҳо рух додааст. ​​Ва аммо расидани Амирулло Холов ба мақоми раиси шаҳри Қӯрғонтеппаро бисёриҳо натиҷаи пирӯзии гурӯҳи Асадуллоҳзодаҳо бар гурӯҳи Соҳибовҳо, ки ду домоди президент – Муҳаммадзоир ва Шамсулло Соҳибовҳо – аз ҳамин хонавода намояндагӣ мекунанд, медонанд. Чанд сол боз рақобат дар Қӯрғонтеппа асосан байни бозори “Фаровон”-и Асадуллоҳзодаҳо ва бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и марбут ба Муҳаммадзоир Соҳибов идома дошт ва мақомоти шаҳру вилоят ба истилоҳ гаравгони ҳамешагии рақобати байни ин ду гурӯҳи мутанаффиз будаанд.

Раиси қаблии Қӯрғонтеппа Самӣ Шариф, ки ба гуфтаи мусоҳибони мо, дар ин сабқат бештар аз Соҳибовҳо пуштибонӣ мекард, акнун баҳои пуштибониашро бо тарки ин мақом ва рафтан ба мансаби пойинтари директори муассисаи давлатии Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи Роғун пардохт. Хабарнигорони маҳаллӣ мегӯянд, дар ҳеҷ куҷои дигари Тоҷикистон рақобати байни гурӯҳҳои тиҷории наздик ба хонаводаи раисиҷумҳур ин қадар шадид нест, ки дар зодгоҳи президент –Данғара – ва дар Қӯрғонтеппа. Ин ҳолат мақомоти маҳаллиро дар ҳалли баҳсҳое ки байни ин гурӯҳҳо пеш меояд, бечора гардондааст. Аммо Абӯбакри Файзалӣ, хабарнигори муқими Қӯрғонтеппа ба Озодӣ гуфт, ба фарқ аз Самӣ Шариф, Амирулло Холов, ки мустақиман намояндаи яке аз гурӯҳҳои наздик ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон аст, метавонад ба сурати фаъолтар дар ҳалли чунин баҳсҳои тунд дастбакор шавад. Ба ақидаи Абӯбакри Файзалӣ: “Ман фикр мекунам, ки ҳоҷӣ Амирулло Холов метавонад шаҳрро ба по хезонад, чун бевосита нафаре аст, ки ақалан ба хотири обрӯяш шуда, ақрабояш, ки дар ин шаҳр корхонаву муассисоти маишиву хидматгузорӣ, аз қабили мағозаву тарабхона, меҳмонхонаву бозорҳоро дар ихтиёр доранд, барои вуруди бештари маблағҳои андоз ба буҷаи шаҳр мусоидат намоянд.

Дар шаҳр 2 бозори калонтарин якеаш ба бародари Амирулло Холов Хайрулло Холов ва дигараш бозори машҳури Ҳоҷӣ Шариф, ба домоди президент Зоир Соҳибов мутаалиқ аст, ки барои роҳбарони пешин ҳатто наздик шудан ва дархости пардохти маблағи андоз, барқ, об ва дигар хидмтагузориҳо, ки бевосита ба буҷаи шаҳр мерафтанд ва барои ободонӣ масраф мешуданд, кардан хеле мушкил буд ва на ҳар кас ин гуна ғайратро дошт. Акнун ин нафарон шояд ба хотири болорафти имиҷи Амирулло Холов мусоидат кунанд ва ба ин хотир шаҳр ҳам обод мешавад, ва фикр мекунам раиси шаҳр таин шудани Холов охири кор нест ва ин як зина дар карйера боло рафтани уст. Аз ин рӯ, ӯ ҳама корро мекунад, то ақрабояш аз ӯ даст бигиранд ва шаҳрро обод созад.” Мероси Самӣ Шарифи “коргарак” ​​Самӣ Шариф аз январи соли 2010 тайи 4 сол шаҳрдори Қӯрғонтеппа буд Таҳияи генплан ё нақшаи умумии рушди шаҳр, ду маротиба васеъ кардани ҳудуди маркази вилоят аз ҳисоби заминҳои навоҳии Бохтару Вахш, ба кор андохтани “Ресанда” – бузургтарин корхона дар Қӯрғонтеппаи кунунӣ, ҷалби 5 миллион доллари Бонки аврупоии рушд ва тавсиа барои тармими қубурҳои обро аз натиҷаҳои мусбати шаҳрдории Самӣ Шариф мешуморанд. Аммо ба гуфтаи хабарнигорони маҳаллӣ, Самӣ Шариф як технократ буд, ки одоби рафтор дар саҳнаи сиёсиро ҳеҷ наомӯхт ва дар ин 4 сол натавонист худро ба матбуот ширин кунад, балки баракс посухҳои тунду дарафтоданҳояш бо хабарнигорон боис шуд, ки матбуот нисбат ба ӯ мавзеъи интиқодиеро дунбол кунад. Аз тарафи дигар, ситораи Самӣ Шариф бо раиси вақти вилоят Ғайбулло Афзал низ ҳеҷ рост наомад ва ӯ пайваста ба хабарнигорон шикоят мекард, ки дар 4 соли раисиаш ҳеҷ ба ҳузури раиси вилоят мушарраф шуда натавонист ва ба маҳзи ӯ Ғайбулло Афзал ба тамоми шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамчун ба фарзанди ӯгай муносибат мекунад. “Самӣ Шариф марди коргарак буд, меҷунбид шабу рӯз, вале забон надошт. Ба фарқ аз ҳоҷӣ Амирулло Холов, ки шоир ҳам ҳаст ва забонаш ба қавле устухон надорад,” – гуфт як хабарнигори маҳаллӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ.

Хешони мансабдори раисиҷумҳур ​​Таъйиноти нави Амирулло Холов дар ҳолест ки мавзӯи ҳузури афзояндаи хешу табори раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мақомҳои баланди давлатӣ баъди интихоби дигарбораи ӯ ба ин мақом дар маҳофил ва матбуоти Тоҷикистон аз нав авҷ мегирад. Дар силсилаи тағйироти кадрии ахир ӯ ду қудояш – Шералӣ Гул ва Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳро аз мақомҳои вазири энержӣ ва раиси ширкати роҳи оҳан ҷавоб дод ва тағояш Матлубхон Давлатовро низ аз мақоми муовини сарвазир ба нафақа гусел кард. Аммо ба дунбол писараш Рустами Эмомалӣ раиси Хадамоти гумрук, яке аз хешовандони наздикаш Давлаталӣ Саидов муовини сарвазир, домодаш Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали вазири молия ва Зайнулло Соҳибов – бародари домодаш Муҳаммадзоир Соҳибов – раиси корхонаи “Сементи Тоҷик” таъин шуданд. Ҳамин тавр, тавре гуфтем, додарарӯси ӯ Ҳасани Асадуллоҳзода раҳбари “Ориёнбонк” – бузургтарин бонки тиҷории Тоҷикистон, додарарӯси дигараш Амонулло Саъдуллоев масъули фурӯши барқ дар “Барқи Тоҷик” ва духтараш Озода Раҳмонова муовини вазири хориҷаи Тоҷикистонанд. Манобеъи Озодӣ мегӯянд, ибтидо ҳатто гап-гап буд, ки Амирулло Холов шояд ба ҷои Ғайбулло Афзал якбора раиси вилоят шавад, вале дар ниҳоят чунин риск накарданд ва парвози ӯ ба арши сиёсиро, ки аз симати раиси ноҳияи Румӣ оғоз шуд, бо мансаби шаҳрдори Қӯрғонтеппа идома доданд.

Озодагон

Абӯбакри Файзалӣ ҳам мӯътақид аст, ки ин мақом нуқтаи охир дар карйераи ҳоҷӣ Амирулло Холов нест, балки танҳо як саҳифаи навбатист. Ин ҳодиса ду рӯз пеш дар хиёбони Неъмат Қаробоеви ноҳияи Фирдавсии шакҳри Душанбе иттифоқ афтодааст.

Пайвандону ҳамсоягони Нодира мегӯянд, ки ӯ 38 сол дошт ва соҳиби як тифлаки чормоҳа буд. Як хонуме, ки қабл аз худкушиаш бо Нодира сӯҳбат кардааст, мегӯяд, аз ӯ хостааст, то ин корро накунад ва ба ҷони ҷавонаш ҷабр накунад. Аммо Нодира дар посух гуфтааст, ки “зиндагӣ кардан намехоҳам!” Ба гуфтаи пайвандонаш, Нодира зани соҳибмаълумот буда ва ба ҳайси бухгалтер ё муҳосиб кор мекард. Аммо пас аз таваллуди нахустфарзандаш дар чор моҳи пеш танаш дардманд шуда ва ин вазъ ӯро нороҳат кардааст. Нодира соли гузашта, дар синни 37 издивоҷ карда буд ва ҳамагӣ 4 моҳ пеш нахустин фарзандашро ба дунё овард. ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД.

Следующим пунктом идет «Слой», в данном меню мы можем создавать слои, причем как обычного, так и векторного типа, делать папки для структуризации слоев и дублировать их. Тут можно отменить выделение, инвертировать его или увеличить область. Во вкладке «Выбранное» содержатся инструменты для работы с выделенной областью. Саи без триала торрент. Тут же можно отредактировать цветовую палитру слоя, преобразовать его или отразить.

Бино ба гузориши дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон субҳи 24 феврал бо муовини аввали ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ сафир Ричард Ҳоугланд мулоқот кардааст. Дар ин дидор масоили марбут ба равобити Тоҷикистону Амрико ва роҳҳои рушди ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуда, ба гуфтаи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, “таваҷҷуҳи зиёд ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва пайомадҳои хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар зоҳир гардид.” Мавзӯъи дигари матрӯҳа дар мулоқоти Раҳмон бо Ҳоугланд “мусоидат ба беҳсозии фазои ҳуқуқии сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи давлатию хусусии Амрико ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва барои татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла CASA-1000” гуфта мешавад.

Ҷузъиёти аз ин бештари мулоқоти Раҳмон бо дипломати аршади амрикоӣ ва сафири собиқи Амрико дар Тоҷикистон ҳанӯз дастрас нашудааст. Ричард Ҳоугланд аз рӯзи 21 феврал дар Тоҷикистон қарор дорад. Баҳси Афғонистон дар мулоқоти Аслов бо Ҳоугланд.

Дидори Аслов бо Ҳоугланд Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо муовини аввали ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ сафир Ричард Ҳоугланд мулоқот кардааст. Дар сомонаи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон бидуни ироаи ҷузъиёти зиёд гуфта мешавад, ки дар ин дидори рӯзи 21 феврал вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва муовини аввали ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ Ричард Ҳоугланд “масоили ҳамкориҳои дуҷонибаву минтақавӣ, мушовараҳои дарпешистодаи сиёсии Тоҷикистону Амрико, дурнамои рушди Афғонистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ кардаанд.” Нахустин мушовараи сиёсии ду кишвар моҳи феврали соли 2010 дар Вошингтон доир шуда буд. Аз он ба баъд ин мушовараҳо ба сурати мутассил ва бо навбат дар Вошингтону дар Душанбе доир мешаванд. Ҳадаф аз ин машваратҳо мушаххас кардани самтҳои муҳиму асосии ҳамкориҳои Амрикову Тоҷикистон ва такон додан ба густариши равобити миёни ин кишварҳост. Ҷузъиёти дигаре дар бораи натоиҷи дидори Аслов ва Ҳоугланд оварда нашудааст, вале ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст, то поёни соли 2014 нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон бароварда шаванд ва Амрико то ҳол натавонистааст бо давлати раиси он ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай паймони амниятиеро, ки бояд шароити ҳузури нирӯҳои амрикоӣ баъд аз соли 2014-ро мушаххас кунад, ба имзо расонад.

Бисёре аз таҳлилгарон аз эҳтимоли баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф бад шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва дар кишварҳои ин сӯи Омӯ, бахусус дар Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1370 километр марзи мустақим дорад, сӯҳбат мекунанд. Имкони бурузи чолишҳову таҳдидҳои нави амниятӣ аз он сӯи Омӯро мақомҳои баландпояи Тоҷикистон низ истисно наамекунанд ва раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 феврал дар паёми табрикиаш ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ ҳам ба ин нигарониҳо таъкид кардааст. Ва як сабаби афзоиши сафарҳои мақомҳои амрикоӣ ба Душанбе низ шояд аз ҳамин нигарониҳо маншаъ мегирад. Дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми январ иттилоъ дода буд, ки фармондеҳи нирӯҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Микаел К.Нагата бо мақсади баррасии ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амният дар минтиқа, ба хусус Афғонистон, ба Душанбе ташриф оварда, бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ва бо намояндагони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мулоқот кардааст. Дар рафти мулоқот онҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории бефосилаи низомӣ миёни ИМА ва Тоҷикистон, минҷумла ҳамкории нирӯҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказӣ бо қувваҳои махсуси Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Ричард Ҳоугланд аз дипломатҳои собиқадори амрикоист, ки то соли 2006 тайи 5 сол сафири Вошингтон дар Душанбе буд. Ӯ баъди хатми сафораташ дар Тоҷикистон чандин сол сафири Амрико дар Қазоқистон ва дар солҳои охир сафири кишвараш дар Покистон буд. Баъди ба мақоми вазири хориҷа омадани Ҷон Керрӣ Ҳоугланд ба Вошингтон баргашт ва дар дафтари марказии Департаменти давлатии Амрико ба ҳайси муовини аввали ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба кор пардохт.

Ин мақом бахусус дар ин шабурӯз, ки Амрико ва НАТО ба хуруҷи нирӯҳояшон аз Афғонистон омодагӣ мегиранд, аҳамияти фавқулода касб мекунад. Давлати Карзай бо вуҷуди чанд соли музокирот то ҳол аз имзои паймони амниятӣ бо Вошингтон саркашӣ мекунад. Ва он ҳам дар ҳоле ки интизор меравад, нирӯҳои эътилоф то поёни соли 2014 тарки Афғонистон кунанд. Паймони амниятие, ки баҳсаш байни Кобулу Вошингтон чанд сол боз идома дорад, шароити ҳузури нирӯҳои амрикоиеро, ки бояд баъди соли 2014 ба хотири кумак ба нирӯҳои афғон дар ин кишвари ҷангзада бимонанд, мебоист таъйин мекард. Амрико дар соли 2011 дар Афғонистон 101 000 сарбоз дошт. Феълан аз ин шумор танҳо 38 000 амрикоӣ дар канори 27 000 нирӯҳои эътилофи таҳти фармони паймони низомии НАТО дар ин кишвар боқӣ мондаанд. Дар ғайри сурати имзо ва тасвиби паймони амниятии Амрикову Афғонистон, Ийолоти Муттаҳида маҷбур аст, то 31 декабри соли 2014 тамоми нирӯҳояшро аз ин кишвар берун бикашад.

Радио Озоди, целью создания которой является пропаганда демократических принципов, распространение достоверной, оперативной и не предвзятой информации, исполнилось 60 лет. Сегодня железный занавес пал, однако Радио Озоди продолжает оставаться важным источником информации для таджиков и таджикскоязычной аудитории мира. Руководитель таджикской службы Радио Озоди Соджидаи Мирзо говорит, что главная миссия Радио не изменилась за шестьдесят лет, но конкуренция за читателя и слушателя усилилась, и каждое средство массовой информации сохранения своей репутации должно действовать в соответствии с требованиями времени и используя современные технологии: “Конечно, сегодня на информационном рынке очень сложно сохранить свой статус.

Хорошо, что мы сегодня больше других используем современные технологии и посредством этих платформ (интернет, видео, мобильные телефоны, спутниковое телевидение) осуществлять свою деятельность. Наше положение лучше, чем у других средств массовой информации Таджикистана. Но в нынешних условиях мы не можем быть спокойны, что мы впереди. Возможно, мы сегодня и лидеры, но если не будем инвестировать в будущее, завтра окажемся на задворках рынка. Я, вместе со своими коллегами в Праге и Душанбе используя созданные радио возможности, стремимся сохранить свои позиции и выполнить свою миссию, обретя доверие читателей и слушателей». Программы таджикской службы Радио Свобода можно слушать ежедневно в течении девяти часов на коротких волнах, через интернет и спутниковое телевидение.

Озодагон

Кроме того, читателям сайта Радио Озоди предлагаются аудио и видео записи сюжетов. Однако с самого начала создания Радио Свобода, программы таджикской службы в рамках программ для Центральной Азии составляли всего несколько минут. Реальные реформы программ на таджикском языке Радио свобода произошли в 1975 году.

В 1973 после эмиграции из Советского Союза на Радио Свобода был приглашен известный таджикский журналист, бывший ответственный секретарь газеты “Точикистони Совети” Даниэл Маркиел, который на Радио Озоди стал популярен как Музаффар Орифи. Первым его предложением в качестве ответственного за вещание на таджикском языке было отделение служб, что было принято руководством американской службы Радио. “Мы предложили отделить таджикскую службу, так как таджикский язык отличается от тюркских языков. Программы на таджикском языке тогда вещались всего 10-15 минут. Американская администрация согласилась, но некоторые соседи подняли шум, чего они хотят? Может это рука Москвы? Но руководство поняло и поддержало нас.

Таким образом таджикская служба впервые внесла раскол в общую службу Центральной Азии. Наша программа развивалась и стала образцом для служб Центральной Азии». Господин Маркиел рад, что в годы перестройки, а позже в годы независимости Таджикистана смог привлечь многих таджикских журналистов на работу в Радио Свобода в программах Радио Озоди представить слушателям свежие репортажи из самой страны. В 1995 году Радиои Свобода переехала из Мюнхена в Прагу и руководителем таджикской службы стал Аббоси Джаводи.

Он говорит, что в годы гражданской войны Радио Озоди стремилось сблизить противоборствующие стороны и вклад Радио Озоди признает даже ООН.